Руҳонӣ: Тавофуқи ҳастаӣ ҳамон аст, ки пештар буд
(last modified Wed, 03 Feb 2021 10:43:32 GMT )
Феврал 03, 2021 15:43 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ: Тавофуқи ҳастаӣ ҳамон аст, ки пештар буд
    Руҳонӣ: Тавофуқи ҳастаӣ ҳамон аст, ки пештар буд

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ эълом кард, ки ҳеҷ банде аз тавофуқи ҳастаӣ иваз нахоҳад шуд ва ҳеч тарафе ҳам ба Барҷом изофа намешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои хуросон ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон, Ҳасан Руҳонӣ дар ҷаласаи рӯзи чаҳоршанбеи ҳайати далати Эрон афзуд: "Ин тавофуқ чизе нест. ки ба соддагӣ ба даст омада бошад, эҳсоси мо ин аст, ки афкори умумӣ ва сиёсатмадорони ҷаҳон мӯътақид ҳастанд Барҷом метавонад барои амният ва сулҳи ҷомеа муфид бошад."

 

Руҳонӣ гуфт: "Амрикоиҳо бояд бидонанд онҳо то имрӯз нақзкунандаи қатъномаи 2231 ҳастанд ва дигар мудом баҳси Барҷомро матраҳ накунанд."

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон аз амрикоиҳо хост ба тавофуқи ҳастаӣ баргарданд ва ба муқаррароти байналмилалӣ амал кунанд, ки дар ин сурат Эрон низ ба таври комил ба тааҳудоташ амал хоҳад кард.

 

Бештар бихонед: