Феврал 04, 2021 22:07 Asia/Dushanbe
  • Ҳавопаймои ҳомили ваксинаи коронаии русӣ дар Эрон ба замин нишаст

Нахустин маҳмӯла аз ваксинаҳои корона аз фурудгоҳи Маскав имрӯз 5 феврал дар ба Эрон расид.

Имрӯз ҳавопаймои ҳомили ваксинаи коронаи русӣ дар Эрон ба замин нишаст.

Нахустин маҳмула аз ваксинаҳои корона аз фурудгоҳи Маскав дар Русия бо парвози ҳавопаймойии Моҳон соъати 15:50 дақиқаи имрӯз  дар фурӯдгоҳи Имом Хумайнӣ‌(р) ба замин нишаст.

 Ба гузориши радиои бурунмарзии тоҷикии Садои Хуросон бо ҳамоҳангии вазорати беҳдошт , дармон ва омӯзиши пизишкӣ , ситоди миллии муқобила бо корона ва вазорати роҳу шаҳрсозии Эрон нахустин марҳала аз воридоти ваксинаи русии корона аз Маскав дар Русия дақоиқи пеш вориди кишвари Эрон шуд . Қарор аст ваксинаҳои корона бо се парвози вориди Эрон шавад.

 Козими Ҷалолӣ-сафири Ҷумҳӯрии исломии Эрон дар Русия имрӯз гуфт : Маҳмӯлаи дувум то охири баҳманмоҳи имсол ва маҳмӯлаи сеюм то 10 исфандмоҳи роҳии Теҳрон мешавад. Ин раванд ҳар ду ҳафта ва як моҳ  як бор идома хоҳад ёфт.

Ҷалолӣ бо баёни инки ваксинаи русии « Спутник V » дар беш аз 16 кишвар аз ҷумла Эрон сабт шуда аст,афзуд: Ҷумҳӯрии исломии Эрон шонздаҳумин кишваре буд, ки ӣн ваксинаро ҳафтаи гузашта ба сабт расонд.

Натиҷаҳои марҳалаи охири озмоиши инсонии ваксинаи Русия нишон медиҳад, ки ин ваксина дар қиёс бо намунаҳои амрикоӣ ва ғарбӣ бехатар ва асарбахшии он 91.6 дарсад аст . Ин мутолиа ки дар нашрияи LANCET мунташир шуда рӯй беш аз 20 ҳазор нафар анҷом шуда аст . 75 дарсади афроди ширкаткунанда дар ин мутолиа ваксинасияи Спутник V дарёфт кардаанд.

 

Бештар бихонед: