Сарлашкар Саломӣ : Душман таҳаммули дидани пешрафти Эронро надорад
(last modified Thu, 04 Feb 2021 17:36:05 GMT )
Феврал 04, 2021 22:36 Asia/Dushanbe
  • Сарлашкар Саломӣ : Душман таҳаммули дидани пешрафти Эронро надорад

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт: Душман таҳаммули дидани пешрафтҳои Эрони исломиро надорад

 Ба гузориши Садои Хуросон , Ҳусайни Саломӣ рӯзи панҷшанбе дар ойини баҳрабардорӣ аз нахустин воҳиди бухори нерӯгоҳи сикли таркибии Сабалони Ардабил афзуд : Душман аз барафрӯхта шудани шуълаҳои нури умед дар дили мардум нигарон аст ва мехоҳад мардуми моро хаставу ноумед кунад.

 Сарлашкар Саломӣ‌ тасреҳ кард : Душманон Эрони қавӣ , пешрафта , Эрони дар рифоҳу Эрони амнро намеписанданд ва Эрони вобаставу таслимшударо меписанданд, аммо мо ҳамчунони истодаем ва худамон кишварамонро ме‌созем.

 Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо ишора ба инки бештарину шигифтангезтарин пешрафтҳои Эрон дар даврони таҳрим буда аст,гуфт:Рафъи маҳрумияту сохтани кишвари обод шакли навину бисёри зарурӣ аз ҷанг алайҳ душманон аст ва барои ҳамин созандагӣ дар кишвар набояд мутаваққиф шавад.

 

 Бештар бихонед: