Эрон ба тавофуқи ҳастаӣ пойбанд аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i6175
Вазири энержии Амрико гуфт, се гузориш аз тарафи Ожонси байналмилалии энержии ҳастаӣ вуҷуд дорад, ки дар онҳо бар пойбандии Эрон дар тавофуқи ҳастаӣ таъкид дорад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 18, 2016 11:26 Asia/Dushanbe
  • Эрон ба тавофуқи ҳастаӣ пойбанд аст

Вазири энержии Амрико гуфт, се гузориш аз тарафи Ожонси байналмилалии энержии ҳастаӣ вуҷуд дорад, ки дар онҳо бар пойбандии Эрон дар тавофуқи ҳастаӣ таъкид дорад.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Эрнест Мониз, вазири энержии Амрико рӯзи душанбе дар мусоҳибаи телевизионӣ афзуд, Ожонси байналмилалии энержии ҳастаӣ корашро ба дурустӣ анҷом медиҳад ва эрониҳо ба тавофуқи ҳастаии худ пойбанд ҳастанд .

 Эрнест Сониз гуфт, тавофуқи ҳастаии Эрон бар мабнои эътимод нест, балки бар асоси ростиозмоӣ устувор шудааст, ки дар ин муддати кӯтоҳ ба натоиҷи мусбате даст ёфтааст.

Монез дар ин мусоҳиба бо баёни ин ки то поёни давраи давлати кунунии Амрико 100 рӯз фурсат боқӣ мондааст, афзуд: "Қасд дорем мавзӯи ҳастаии Эронро то поёни ин фурсати боқимонда ба фарҷом бирасонем.

Вазири энержии Амрико пардохтан ба бархе мавзӯот, аз ҷумла мавзӯи ҳастаии Эронро дар авлавияти кунунӣ ва ояндаи Вазорати энержии Амрико донист.

Энест Мониз, вазири энержии Амрико яке аз музокиракунандаи кишвараш дар тавофуқи ҳастаии Эрон дар соли 2015 аст.