Ду шаҳр дар Эрон ва Ӯзбекистон бародархонда мешаванд
Ёддошти тафоҳуми барқарории равобити бародархондагӣ байни шаҳри Язди Эрон ва Хеваи Ӯзбекистон ба имзо расид.
Ба гузориши ИРНА, Ҷамолиддин Азизӣ, шаҳрдори Язд ва Темур Давлатов. шаҳрдори Хева ба сӯрати видеоконфросе бо ҳам дидору гуфтугӯ карданд.
Ду тараф дар ин дидор зимни таъкид бар иштирокоти Эрону Узбекистон ва шаҳрҳои Язду Хева, омодагии худро барои ҳамкорӣ дар заминаҳои гӯногӯн эълом карданд ва дар поён низ ёддошти тафоҳуми барқарории равобити бародархондагӣ байни ду шаҳр ба имзо расид.
Шаҳри таърихии Язд соли 2017 ба унвони нахустин шаҳри таърихии Эрон дар феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ба сабт расид.
Шаҳри Хева низ аз шаҳрҳои куҳани Осиёи Марказӣ ва маркази вилояти Хоразми Ӯзбекистон аст.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Шаҳри Язди Эрон мероси ҷаҳонӣ шуд
- Ноҳияи Турбати Ҷоми Эрон ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии Тоҷикистон хоҳархонда мешаванд
- Равобити Табрез ва Хуҷанд; Намунаи равобити самимии бародаршаҳр