Теҳрону Тошканд Ёддошти тафоҳуми тавсеаи ҳамкориҳои транзитӣ имзо карданд
Июн 03, 2025 12:15 Asia/Dushanbe
Порс-Тудей. Ёддошти тафоҳуми тавсеаи ҳамкориҳои ҳамлунақулӣ ва транзитӣ байни Ҷумҳурии исломии Эрон ва ҷумҳурии Узбакистон бо ҳузури вазири роҳу шаҳрсозии Эрон имзо шуд.
Бо ҳузури Фарзонаи Содиқ, вазири роҳу шаҳрсозии Эрон ва Илҳом Маҳкамов, вазири нақлиёти ҷумҳурии Узбакистон Ёддошти тафоҳуми тавсеаи ҳамкориҳои ҳамлунақлӣ ва транзитӣ байни Теҳрон ва Тошканд имзо шуд.
Бар асоси ин ёддошти тафоҳум, заминаҳои сармоягузории бахши хусусии Узбакистон, барои сохти терминали ихтисосӣ ва маркази лаҷистикӣ дар паскаронаи бандари шаҳид Раҷоӣ фароҳам хоҳад шуд. /Хабаргузории садо ва симо
Барчасп