Дарвозаи Куруш дар наздикии Тахти Ҷамшед кашф шуд
Ҳайти муштараки бостоншиносии эронии Италия пас аз 10 сол муваффақ шуданд собит кунанд, ки Куруши Ҳахоманиши фармони сохти дарвозаи Пардис Порсе (Персеполис)-ро содир карда ва ин дарвозаи бошукӯҳ дар давраи фарзандаш Камбуҷия ба баҳрабардорӣ расидааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, ҳайати бостоншиносии муштараки эронӣ ـиталиявӣ аз донишгоҳи Шероз аз соли 1390 то 1399 хуршедӣ ( 2011 -и 2021 ) тайи 10 фасл ковуши бостоншиносии маҷмӯъаи арзишманде аз ашёъ ва биноҳои бостониро дар ин минтақа кашф карданд.
Дарвозаи нав кашфшудаи Куруш дар минтақаи "Тули Оҷурӣ", дар се километрии шимолу ғарби Тахтгоҳ (Тахти Ҷамшед) ҷойгир аст ва биное буд, ки андозаи он аз 30 то 40 метр бо баландии тақрибан 12 метр буд.
Ин дарвоза дар марказ долон дошт, ки он ҳуҷраи росткунҷаест, ки андозаи аз 8 то 12 метрро ташкил медод.
Дарвозаи Куруш аз масолеҳи гилӣ ва хиштӣ сохта шуда, тамоми дохилӣ ва берунии он бо хиштҳои ранга оро дода шудааст.
Ба гуфтаи Алиризо Аскарӣ бостоншинос ва сарпарасти эронии ҳайати ковуши Тули Оҷурӣ Порса, дарвозаи Куруш пас аз соли 539 қабл аз милод ва ба ифтихори фатҳи Бобул ба дастури Куруши бузург сохта шуда ва Камбуҷия низ ба далели ҳашт соли фармонравоӣ бар шаҳри Бобул ва алоқа ба он шаҳр, пас аз ҷонишинии падараш сохти маҷмӯаи бузурги меъмории шаҳри Порсаро ба сабки меъмории бобулӣ идома дод.
Маҷмӯаи бостонии Тахти Ҷамшед ҳудуди 55 километрии шимоли Шероз дар маҳдудаи шаҳристони Марвдашти устони Форси Эрон воқеъ шудааст.
Бештар бихонед: