67 нафари дигар дар Эрон қурбонии корона шуданд
Феврал 08, 2021 18:31 Asia/Dushanbe
Бо фавти 67 нафар аз беморони мубтало ба корона дар 24 соати гузашта дар Эрон омори маргумирҳои ношӣ аз ин вирус дар ин кишвар ба 58 ҳазору 536 нафар расидааст.
Ба гузориши Эрон Пресс, дар шабонарӯзи гузашта 7 ҳазору 321 бемори ҷадиди мубтало ба корона дар Эрон шиносоӣ ва 707 нафар бистарӣ шуданд.
Бар ин асос, маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба як миллиону 473 ҳазору 756 нафар расидааст, ки то кунун як миллиону 260 ҳазору 45 нафар аз онон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
Бар асоси омори расмии кишварҳо, вируси корона то кунун ҳудуди 106 миллион нафарро дар дунё мубтало карда ва беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафар низ бар асари бемории Ковид - 19 ҷони худро аз даст додаанд.
Бештар бихонед:
- Корона дар Эрон 76 қурбонии дигар гирифт
- Рӯнамоӣ ва оғози мутолеоти болинии дувумин ваксинаи эронии корона
- Корона дар Эрон 80 нафари дигарро ба коми марг бурд