Апрел 09, 2021 18:35 Asia/Dushanbe
  • Маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба 2 миллиону 29 ҳазору 412 нафар расидааст
    Маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба 2 миллиону 29 ҳазору 412 нафар расидааст

Бо фавти 155 нафар аз беморони мубтало ба корона дар 24 соати гузашта дар Эрон, теъдоди ҷонбохтагони вируси Ковид - 19 ба 64 ҳазору 39 нафар расидааст.

Ба гузориши Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, дар шабонарӯзи гузашта 22 ҳазору 478 бемори ҷадиди мубтало ба корона дар Эрон шиносоӣ шуд, ки 2 ҳазору 567 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд.

Бар ин асос маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба 2 миллиону 29 ҳазору 412 нафар расидааст, ки як миллиону 693 ҳазору 5 нафар аз онон беҳбуд ёфтаанд.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп