Феврал 09, 2021 16:24 Asia/Dushanbe

Ваксинатсия(эмгузаронӣ)-и корона дар Эрони рӯзи сешанбе бо истифода аз ваксинаи «Спутник V»-и русӣ ба дастури Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз шуд.

Ба гузориши ИРНА, Киёнуши Ҷаҳонпур, сухангӯи Созмони ғизо ва доруи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон дар маросими оғози ваксинатсияи корона дар Эрон гуфт: “ваксинатсияи  бо рӯзона ҳазор нафар оғоз хоҳад шуд ва сипас бо тавваҷуҳ ба арзёбии муҷаддад афзоиш меёбад то ба ҳаддиаксар бирасад".

Ҷаҳонпур афзуд, агар чӣ ваксинаи корона дар марҳалаи аввал ба касоне тазриқ мешавад, ки пеш аз ин ба Ковид 19 мубтало нашудаанд, аммо дар ҳолати куллӣ манъе барои тазриқ ба афроде, ки қаблан мубтало шудаанд вуҷӯд надорад.

Вай изофа кард, эмгузарони умумӣ ва ҳамагонии корона дар Эрон соли 1400 такмил мешавад ва умедворем ҷузви аввалин кишварҳое бошем, ки ваксинатсияи умумиро ба итмом мерасонад.

Нахусти маҳмӯлаи ваксинаи русии коронаи мавсӯм ба «Спутник V» рӯзи панҷшанбе ба Эрон ирсол шуд.

Ваксинаи русии «Спутник V» дар беш аз 16 кишвар аз ҷумлаи Эрон сабт шудааст .

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

 

Барчасп