Феврал 09, 2021 20:12 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Эрон то 9 феврали соли 2021 эълом шуд
    Охирин омори корона дар Эрон то 9 феврали соли 2021 эълом шуд

Сухангӯи Вазорати Беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 89 бемори дигари Ковиди 19 дар ин кишвар дар 24 соати гузашта хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Симо Содоти Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт,  дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи сешанбе бо эъломи охирин омори мубталоён ва ҷонбохтагони корона дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: «Дар 24 соати гузашта бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ 7 ҳазору 640 бемори ҷадиди Ковиди 19 дар Эрон шиносоӣ ва 697 нафар бистарӣ шуданд. » 

 

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳамчунин гуфт: «Бо фавти 89 нафар аз беморони мубтало ба Ковиди 19 дар 24 соати гузашта теъдоди ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 58 ҳазору 625 нафар расид.» 

Хонум Лорӣ афзуд: «Маҷмӯи беморони Ковиди 19 дар Эрон ба як миллиону 481 ҳазору 396 нафар расидааст, ки хушбахтона токунун як миллиону 266 ҳазору 518 нафар аз онон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мурраххас шудаанд. »

Теъдоди беморони Ковиди 19 дар ҷаҳон низ ба беш аз 107 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дасти кам ду миллиону 388 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп