Раисӣ: Амнияти минтақа қарздори хуни шаҳидон аст
Раиси қувваи қазоии Эрон амният, Эрон, Ироқ ва минтақаро қарздори хуни шаҳидон донист.
Ҳуҷҷатул ислом вал-муслимин «Саид Иброҳими Раисӣ» раиси қувваи қазоияи Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар дидор бо ҷамъе аз хонаводаҳои шуҳадои Ироқ дар сафорати Эрон дар Бағдод гуфт: низоми ҷумҳурии исломӣ имрӯз дар имтидоди мактаби ошӯро аст ва саҳюнистҳо, Амрико онҳое, ки ҷиноят, фасод ва қатлу куштор мекунанд дар имтидоди ҷараёни язидиён ва ҷинояткорон дар саҳнаи ошӯро ҳастанд.
Ҳуҷҷатул ислом вал-муслимин Раисӣ бо ишора ба ин ки шуҳадо марбут ба як замон ё макон ва ё иқлими хос нестанд, балки мутаъаллиқ ба уммати исломӣ ва ҷаҳони инсоният ҳастанд, афзуд: Ҷилваи ваҳдати ҳамаи шаҳидон сипаҳбуд «Қосими Сулаймонӣ » ва «Абӯмаҳдии Муҳандис» ҳастанд, ки пайванди хуни онҳо боиси ваҳдати исломӣ шудааст.
Раиси қувваи қазоияи Эрон бо баёни ин ки қудрати Амрико рӯ ба коҳиш аст, гуфт: иззату иқтидори рӯ ба афзоиши Эрони исломӣ аз ҷилваҳо ва баракоти хуни шаҳидон аст.
Ҳуҷҷатул ислом вал-муслимин Раисӣ ба даъвати расмӣ «Фоиқ Зайдон » раиси Шӯроии олии қазоии Ироқ душанбешаб дар сафари се рӯза вориди Бағдод шуд.
Бештар бихонед: