Феврал 12, 2021 17:51 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти ҳамкории Нерӯи дарёии Эрон ва Покистон
    Тақвияти ҳамкории Нерӯи дарёии Эрон ва Покистон

Раиси ҳайати низомии Ҷумҳурии исломии Эрон дар размоиши байналмилалииӣ «Амн - 2021» ба мизбонии нерӯи дарёии Покистон, бар лузуми тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар ва афзоиши таомулот миёни нерӯҳои дарёӣ таъкид кард.

Ба гузориши ИРНА, ҳайати низомии Эрон ба намояндагӣ аз ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳ, муташаккил аз нерӯи дарёии артиш ва нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба раёсати амири дарёдори дувум Ориё Шафқат Рӯдсарӣ, ба ҳамроҳи сарҳанг Мустафо Қанбарпур, вобастаи низомии Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи ҷумъа дар бандари Карочӣ бо дарёбон Навиди Ашраф, фармондеҳи новгони Покистон дидор кард.

Ин нишаст дар ҳошияи маросими ифтитоҳияи ҳафтумин размоиши чандмиллиятии амн ба мизбонии нерӯи дарёии Покистон баргузор шуд.

Ду тараф охирин вазъияти ҳамкориҳои Эрону Покистон дар ҳавзаи амнияти дарёӣ ва афзоиши таомулот миёни нерӯҳои дарёии ду кишварро баррасӣ карданд.

Размоиши дарёии «Амн» ҳар ду сол як бор баргузор мешавад. Ин размоиш аз соли 2007 оғоз шуда ва дар он анвои таҷҳизоти дарёӣ ва низомии Покистон ва тавони размии онҳо ба намоиш гузошта мешавад.

Размоиши байналмилалӣ «Амн» бо шиори «Дар канори ҳам барои сулҳ» то 16 феврал ( 8 баҳман) дар Карочи идома хоҳад дошт.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп