Феврал 12, 2021 18:42 Asia/Dushanbe
  • Ройзании масъулони роҳи оҳани Эрон ва Русия дар хусуси каридори Шимол - Ҷануб
    Ройзании масъулони роҳи оҳани Эрон ва Русия дар хусуси каридори Шимол - Ҷануб

Мудири роҳи оҳани Ҷумҳурии исломии Эрон дар мулоқот бо раиси роҳи оҳани Русия, роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба, ба вижа амалӣ шудани масири байналмилалии рейлии Шимол - Ҷанубро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи ИРНА, дар ин нишаст, ки бидуни ҳузури хабарнигорон баргузор шуд, Саид Расулӣ, мудири роҳи оҳани Ҷумҳурии исломии Эрон ва Олег Белозаров, раиси роҳи оҳани Русия бо ишора ба нақши каридори Шимол - Ҷануб дар афзоиш ва суръати ҳамли коло, роҳкорҳои рафъи мавонеъ ва чигунагии фаъол кардани ин шоҳроҳи ҳаётиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин нишаст, ки рӯзи панҷшанбе байни мудирони роҳи оҳани Эрону Русия баргузор шуд, ду тараф охирин иқдомҳои анҷомшуда барои амалӣ шудани масири байналмилалии рейлии Шимол - Ҷанубро баррасӣ карданд.

Мақомоти Теҳрон ва Маскав то кунун нишастҳову тамосҳои мутааддиде барои баррасӣ ва таҳаққуқи масири рейлии Шимол - Ҷанубии кишварҳои худ доштаанд ва ду тараф бар суръат бахшидан дар ҷиҳати рафъи мавонеи ин масири муҳими байналмилалӣ, ки барои се кишвари Эрон, Русия ва ҷумҳурии Озарбойҷон аз аҳамияти иқтисодии фаровоне бархӯрдор аст, таъкид кардаанд.

Козими Ҷалолӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Муқарар шудааст, ки то замони бартараф шудани халои рейлӣ дар хати оҳани Рашт –Астара, ки ҳудуди 170 километр аст, масири таркибӣ барои ҳамли коло амалӣ мешавад.

 Вай афзуд: Бар ҳамин асос бо ибтикоре ки дар ҳоли иҷро аст, қарор аст то қабл аз такмил шудани масири роҳи оҳани Рашт - Астара ба тӯли 170 километр , ин масир ба шакли таркибӣ роҳ андозӣ шавад, ба ин гуна, ки дар масири Рашт – Астара то замони роҳандозии ҳамли коло ба сурати ҷоддаӣ анҷом шавад ва дубора аз Астара ба шакли рейлӣ ин колоҳо битавонад то мақсади ниҳоӣ ҳамл шаванд.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп