Октябр 18, 2016 17:55 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Эрон ба Амрико дар бораи фуру афтодан дар ботлоқи Яман

Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон ба амрикоиҳо ҳушдор дод, ки муроқиби домҳое, ки дигарони барояшон дар минтақа паҳн мекунанд, бошанд.

Ба иттилои хабаргузории Форс, Баҳроми Қосимӣ, сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо хабаргузории Садо ва Симо дар хусуси таҳаввулоти Яман гуфт: Аз маҷмуаи таҳаввулоти минтақа ва Яман мешавад, бардошт кард, ки Арабистони Саудӣ дар паи шикастҳои мукаррар дар минтақа бавижа дар таҷовуз ба Яман, талош мекунад, то дигаронро даргири моҷарои Яман кунад .

Қосимӣ афзуд: Ҳадафи Арабистон ин аст, ки бо афзоиши таниш ва ташаннуҷ дар минтақа, пои дигаронро ҳам ба саҳна бикашонад ва битавонад роҳи гурезе барои худаш пайдо кунад .

Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон ҳушдор дод: Давлати Амрико бояд бидонад, дарёи сурх ва минтақае, ки Яман дар он қарор дорад, аз ҳассосияти вижа ва роҳбурдӣ бархурдор аст ва ҳифзи субот дар он бисёр муҳим аст .

Қосимӣ ба давлатмардони амрикоӣ тавсия кард, ки бо нигоҳи воқеъбинона муроқиби домҳое, ки дигарон барояшон дар минтақа паҳн мекунанд, бошанд ва аз таҷрубиёти се даҳаи гузашта дар Ироқ, Сурия ва дигар кишварҳо истифода кунанд .

Вай вуруди Амрико ба манҷалобҳои ҷадид монанди ҷанг дар Яманро барои онон ва дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон хатарнок ва бисёр зиёновар донист .