Октябр 18, 2016 20:58 Asia/Dushanbe
  • Ҷоизаи беҳтарин довари Осиё барои тими доварии футболи Эрон

Конфедератсия футболи Осиё аз эҳдои ҷавоизи вижаи беҳтарин довари Осиё дар соли 2016 ба тими доварии Эрон хабар дод.

Ба иттилои Ирно, конфедератсияи футболи Осиё бо ирсоли номае ба дабири кулли Федератсияи футболи Эрон, Алиризо Фағониро баунвони беҳтарин довар ва Ризо Сухандон ва Муҳаммадризо Мансуриро баунвони беҳтарин кумакдоварони футболи Осиё дар соли 2016 эълом кард .

Дар ин нома аз тими доварии футболи Эрон даъват шудааст, то дар маросиме, ки 20-и ноябр дар Куала-Лумпури Малайзия баргузор мешавад, ҳузур ёбанд, то ҷавоизи вижаи беҳтарин доварони Осиё дар соли 2016-ро дарёфт кунанд .

Алиризо Фағонӣ, Ризо Сухандон ва Муҳаммадризо Мансурӣ ба интихоби Федератсияи  байналмилалии футбол дар бозиҳои олимпии 2016-и Рио доварӣ карданд .