Феврал 16, 2021 10:23 Asia/Dushanbe
  • Вазири нақлиёти Қатар меҳмони вазири роҳу шаҳрсозии Эрон
    Вазири нақлиёти Қатар меҳмони вазири роҳу шаҳрсозии Эрон

Вазири роҳу шаҳрсозии Эрон ва вазири нақлиёти Қатар бар густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар санъати ҳамлунақл таъкид карданд.

Муҳаммади Исломӣ, вазири роҳу шаҳрсозии Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи душанбе дар дидори Ҷосим бин Сайф Ассулайти, вазири нақлиёти Қатар дар Теҳрон бо таъкид бар муштаракоти фарҳангӣ ва марзӣ байни ду кишвар гуфт: Ин як ҳақиқат аст, ки мо фурсату заминаи фаровоне барои густариши ҳамкориҳо дорем.

Вазири роҳу шаҳрсозии Ҷумҳурии исломии Эрон дар идома ёдовар шуд: Амрикоиҳо беш аз 40 сол аст, ки кишвари моро муҳосира карданд, аммо ин муҳосира барои мо ҳарчанд фишор ва хастагӣ дошта, вале бо вуҷуди ин боис шуд то мо дар ҳамаи заминаҳо пешрафт кунем.

Исломӣ бо қадрдонӣ аз ҳамкории давлати Қатар бо Эрон дар рӯзҳои сахти густариши вируси корона гуфт: Қатар дар давраи корона на танҳо парвозҳоро қатъ накард, балки дар бисёре аз масоил низ ба Эрон кумак кард ва ин мавзуъ дар таърихи равобити ду кишвар мондагор хоҳад монд.

Вазири роҳу шаҳрсозии Эрон афзуд: Мо аз ҳар гуна тафоҳум ва ҳамкорӣ бо давлати Қатар дар ҳавзаи ҳамлунақл истиқбол мекунем ва муътақидем, ки ин ҳамкориҳо метавонанд ҳам барои ду миллати Эрону Қатар ва ҳам барои тамоми кишварҳои минтақа босамар ва созанда бошанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп