Озарбойҷон такягоҳи устувори Эрон дар муқобили ҳамлаҳои хориҷӣ ва ҷудоихоҳӣ мебошад
Раҳбари Муаззами Инқилоби Исломӣ, Озарбойҷонро дижи устувори Эрон дар муқобили ҳамлаҳои хориҷӣ ва ҷудоихоҳӣ донистанд.
Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ Ҳазрат Оятуллоҳи Хоманаӣ, имрӯз дар дидори тасвирӣ бо мардуми Озарбойҷони шарқӣ ба муносибати солрӯзи қиёми 29 баҳмани ( 18 феврали 1978 ) мардуми Табрез ; тасреҳ карданд: Озарбойҷон дижи устувори Эрон дар муқобили ҳамалоти хориҷӣ будааст, яъне мо бо ҳамсояи мӯътаризу мутаҷовиз, чӣ Русияи тазорӣ ва чӣ усмонии собиқ, чӣ Шуравӣ, ҳамвора бо ҳамалот мувоҷеҳ будем. Агар чунончӣ Озарбойҷон набуд, Табрез набуд, муқовиматҳо набуд ва истодагиҳо набуду ҷонфишониҳо набуд, мумкин буд ин таъарруз ба манотиқи марказии кишвар ҳам кашида бишавад. Озарбойҷон сад ва дижи мустаҳкаме будааст, ки ҳамвора ин ҳамалотро пас задаасту ҷилави онҳоро гирифтааст.
Ҳазрат Оятуллоҳи Хоманаӣ афзуданд: минтақаи Табрез ва Озарбойҷон ду вижагии ҳувиятии собит ва ҳамешагӣ доштанд, яке иборатаст аз дилбастагии амиқ ба ислом ба диёнати исломӣ ва дувумӣ ғайрат ва ҳиммати шадид нисбат ба Эрон. Ин ҳамеша дар давронҳои мухталиф дар Озарбойҷон вуҷуд дошта ислом ва Эронро ончунон аҳамият доданд ва ончунон дар борааш ҳиммат нишон доданд, ки воқеан як барҷастагии муҳиммест, ки инҳо мукаррар дар баробари тавтеаҳои бегонагон барои таҷзияи Эрон, дар муқобили ин таҷзияталабиҳо истоданд ва якпорчагии кишварро ҳифз карданд.
Бештар бихонед: