Феврал 17, 2021 17:38 Asia/Dushanbe
  • Размоиши Эрон ва Русия имрӯз ҳам идома дорад
    Размоиши Эрон ва Русия имрӯз ҳам идома дорад

Размоиши мураккаби камарбанди амнияти дарёии Эрону Русия 2021, аз субҳи сешанбе дар минтақаи шимоли Уқёнуси Ҳинд ва Баҳри Уммон оғоз шуд.

Дар марҳалаи нахусти ин тамрини дарёӣ, амалиёти «PHOTOEX» шомили суратбандӣ ва ороиши офандии ягонҳои ширкаткунанда дар размоиш мутаносиб бо таҳдидоти мавҷуд дар минтақа анҷом шуд.

Ин размоиш, ки ба муддати ду рӯз идома дорад, аммо бо чӣ аҳдофе баргузор мешавад ва аз чӣ аҳамияте бархурдор аст?

Барқарории амнияти комили хутути киштиронӣ дар Уқёнуси Ҳинд, зомини ҳифзи манофеъи иқтисодӣ дар саҳнаи ҷаҳонӣ аст. Аҳамияти размоиши мураккаби камарбанди амнияти дарёии Эрон ва Русия 2021 низ ки бо шиори «ҳамкории ҷамъӣ дар дарё барои амнияти тиҷорати дарёӣ» ва дар минтақае ба вусъати 17 ҳазор километр, баргузор мешавад, дар ҳамин чорчуб арзёбӣ мешавад.

 Адмирал II Ғуломризо Таҳонӣ, сухангӯи размоиш, дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо хабаргузории Эрон Пресс, гуфт: “аҳдофе, ки дар размоиши мураккаби камарбанди амнияти дарёии Эрону Русия  2021 дунбол мешавад, барқарории амният дар бахшҳои имдоду наҷот, интиқоли маҳорат ва нишон додани таъомули неруи дарёии Эрон дар арсаи байналмилалӣ аст”.

Баргузории размоишҳои муштарак бо соири кишварҳо яке аз роҳбурдҳои Эрон барои тақвияти сулҳу амният дар минтақааст. Дар ин росто Эрон размоишҳои мутаъаддиде дар Баҳри Уммон ва Уқёнуси Ҳинд баргузор кардааст.

Алӣ Исмоилии Ардаконӣ, таҳлилгари масоили сиёсӣ, дар бораи ин ҳамкориҳо мегуяд: “Эрону Русия ба ин бовар расидаанд, ки бо кумаки якдигар метавонанд бо густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомӣ, Вашингтонро дар расидан ба аҳдофаш ноком кунанд.зимни инки мубориза бо зиёдахоҳии Амрико дар арсаи сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодӣ метавонад заминаро барои иҷмоъ дар бораи зарурати тағйири рафторҳои Амрико дар соири масоили байналмилалӣ низ эҷод кунад”.

Ҷумҳурии Исломии Эрон бо як ҷониба‌гароӣ мухолиф аст. Бар ин асос сиёсати Эрон дар қиболи амният дар минтақа таъкид бар докторинаи амнияти ҷамъӣ аст. Иддеаи "ибтикори сулҳи Ҳурмуз", ки Эрон ба кишварҳои минтақа пешниҳод кардааст низ бар ҳамин асл устувор аст.

Манотиқ стротежики  дарёии  ҷаҳон  бо тавваҷуҳ  ба  ду омили «тавсеъа» ва «амният» робитаи тафкикнопазире бо иқтисоди муҳити перомунии худ ва ҳамчунин бо иқтисоди ҷаҳонӣ доранд.

Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Исломии Эрон бо тавваҷуҳ ба заруратҳои таъмини амнияти дарёӣ, омодагиҳои новгони дарёии худро дар қолиби тамринҳои мустамар барои анҷоми маъмуриятҳои дарёӣ афзоиш додааст.

Лизои аҳаммияти баргузории ин размоишро метавон аз ду ҷанба мавриди таъкид қарор дод:

Ҷанбаи нахуст, ҳамафзоии амният бо мушорикатҳои минтақаӣ аст. Дар ҳамин росто декабри соли гузашта низ размоиши мураккаби дарёии Эрон, Русия ва Чин, ки як размоиши бисёри вижа ва бесобиқае буд, дар бандари шаҳид Биҳиштии Чобаҳор баргузор шуд.

Ҷанбаи дувум аҳаммияти баргузории ин размоиш, иртиқои омодагиҳои дифоӣ ва боздорандагӣ шомили амалиёти тактикӣ ва таҳоҷумӣ барои муқобила бо таҳдидҳои мустақим алайҳи амнияти тиҷорати дарёӣ аст. Акнун неруи дарёии роҳбурдии артиш ва ҳамчунин неруи дарёии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар ҷиҳати ҳифзи амнияти дарёӣ, қудрати боздорандагии худро ба сатҳи роҳбурдӣ иртиқо додаанд ва бо бакоргирии ин зарфият нақши муҳимме дар муъодилоти «дарё поя» дар маҳдудаи обҳои байналмилалӣ ва обҳои минтақаӣ ва сарзаминӣ доранд. Аз ин дидгоҳ бояд гуфт, паёми ин размоиши муштараки дарёӣ низ тақвияти сулҳ, дустӣ ва амният дар минтақа аст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

Барчасп