Размоиши муштараки Русия ва Тоҷикистон
(last modified Wed, 05 Apr 2023 06:34:58 GMT )
Апрел 05, 2023 11:34 Asia/Dushanbe
  • Размоиши муштараки Русия ва Тоҷикистон

Размоиши муштараки Русия ва Тоҷикистон дар ҳоли баргузорист.

Низомиёни Русия ва Тоҷикистон дар 20 километрии марзи Афғонистон размоиши муштараки худро оғоз карданд.

Размоиши низомии Русия ва Тоҷикистон дар тамрингоҳи Ҳарбмайдони вилояти Хатлон, ки дар наздикии марз бо Афғонистон воқеъ аст, оғоз ёфтаанд.

Ба навиштаи сомонаи Пресса тҷ, гуфта мешавад, ки “дар марҳалаҳои амалиёти машқӣ контингентҳои низомии Русия ва Тоҷикистон масъалаҳои омодагӣ ва баргузории амалиёти муштарак оид ба маҳви дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар шароити куҳистон, ки ба қаламрави давлати иттиҳод ҳуҷум кардаанд ва инчунин фармондеҳӣ ва назорати воҳидҳои неруҳои муштарак дар муҳосира ва несту нобуд кардани сохторҳои мусаллаҳи ғайриқонуниро меомӯзанд”.

Тавре зикр мегардад, тамринҳо то 7-уми апрел идома хоҳанд ёфт. Асоси контингенти низомии Русияро воҳидҳои пойгоҳи низомии 201 бо теъдоди умумии беш аз 300 нафар: воҳидҳои куҳӣ, моторӣ, танкӣ, артиллерия, воҳидҳои муҳофизатӣ ва гурӯҳҳои мобилӣ ташкил медиҳанд.

Бояд гуфт, ки пойгоҳи 201-уми низомии мустақар дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар берун аз марзи ин кишвар аст.