Ҳузури низомиёни тоҷик дар размоиши « бародарии шикастнопазир –2023 » Қирғизистон
Низомиёни тоҷик ба манзури ширкат дар тамриноти муштараки неруҳои ҳофизи сулҳи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ ворид Қирғизистон шуданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, тамриноти муштараки неруҳои ҳофизи сулҳи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ қарор аст 9 то13-и октябр ба мизбонии Қирғизистон дар маркази омӯзишӣ « Еделвеисс » марбӯт ба вазорати дифои ин кишвар, баргузор шавад .
Илова бар низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон дар ин тамриноти муштараки низомӣ ҳамчунин неруҳои ҳофизи сулҳи кишварҳои Беларус, Қазоқистону Русия ҳузур хоҳанд дошт.
Дар ҳоли ҳозири намояндагони тамоми кишварҳои ширкаткунанда дар ин тамриноти низомии вориди Қирғизистон шудаанд.
Интизор мерафт размоиш «бародарии шикастнопазир » имсол дар Арманистон баргузор шавад аммо вазорати дифои Арманистон баргузарии тамринот дар хоки ин кишварро номуносибат хонд ва лағв кард.
Феврали соли ҷорӣ, « Анатолий Сидоров », раиси ситоди муштараки Созмони Паймони Амният Ҷамъӣ гуфт, ки размоиши муштараки неруҳои ҳофизи сулҳи ин Созмон ба Қирғизистон мунтақил мешавад.
Баъд аз даргирии марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон, низомиёни тоҷик барои аввалин бор вориди хоки Қирғизистон барои ширкат дар тамриноти муштараки низомӣ, шуданд .