Феврал 21, 2021 21:16 Asia/Dushanbe
  • Солрӯзи валодати Ҳазрат Имом Ҷавод (а) муборак бод!
    Солрӯзи валодати Ҳазрат Имом Ҷавод (а) муборак бод!

Душанбе 10 моҳи раҷаб соли 1442 ҳиҷрии қамарӣ, солрӯзи валодати босаодати Муҳаммад тақӣ (а), аз наводагони Паёмбари мукаррами ислом Ҳазрат Муҳаммад Мустафо (с) аст.

Имом Муҳаммад тақӣ (а) рӯзи 10 раҷаби соли 195 ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина ба дунё омаданд ва пас аз шаҳодати падари бузургворашон Имом Ризо (а), ӯҳдадори масъулияти  раҳбарии мусулмонон шуданд.

Лақаби мубораки Имом Муҳаммад Тақӣ (а), Ҷаводи Аима аст.

Имом Ризо (а) дар бораи манзалати фарзандашон Имом Ҷавод (а) фармуданд: "Ман дорои писаре шудаам, ки ҳамчун Мусо (а) шикофандаи дарёҳои илм аст."

Имом Ҷавод (а) дар синни ҳаштсолагӣ ба имомат расиданд ва даврони имомати он ҳазрат 17 сол будааст, яъне эшон даврони имоматашонро аз кӯдакӣ то ҷавонӣ гузарондаанд.

Дар даврони имомати Имом Ҷавод (а), фирқаҳои мухталифи исломӣ ва ғайриисломӣ рушд карда буданд ва улуму фунуни соири миллатҳо мавриди таваҷҷӯҳи вижа қарор гирифта буд, чкнки эшон вориди баҳсҳои илмӣ ва эътиқодӣ шуданд ва дар мунозира бо пайравони адёни мухталиф, ки мухолифи ислом буданд, ҳаққонияти дини мубини исломро собит мекарданд.

Мардуми эрон дар солрӯзи валодати босаодати Имом муҳаммад тақӣ (а) бо ҳузур дар маконҳои мазҳабӣ ва маънавӣ, бавижа ҳарами муттаҳари Имом Ризо (а), падари бузургвори Имом Ҷавод (а) бо риояти шеваномаҳо, ҷашнҳоеро баргузор мекунанд.

Сайт ва радиои бахши тоҷикии садои хуросон фаро расидани солрӯзи валодати имом Муҳаммад Тақӣ (а)-ро ба ҳамаи мусулмонон ва дигар озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд.

 

Барчасп