Эрон танҳо узви доими конфронси энержии СИРД дар Ғарби Осиё
(last modified Mon, 22 Feb 2021 13:20:27 GMT )
Феврал 22, 2021 18:20 Asia/Dushanbe
  • Эрон танҳо узви доими конфронси энержии СИРД дар Ғарби Осиё

Муовини ширкати тавлид, интиқол ва тақсими нерӯи барқи Эрон гуфт: Эрон танҳо кишвари минтақаи Ғарби Осиё аст, ки узвияти доими конфронси СИРД - ро дорад.

Ба гузориши ИРНА, Ғуломалӣ Рахшонимеҳр рӯзи душанбе дар маросими ифтитоҳи ҳаштумин конфронси минтақаии СИРД, ки ба сурати он-лайн дар маҳалли маркази пойиши санъати барқи Эрон дар ширкати «ТавонЭр» дар ҳоли баргузорӣ аст, афзуд: Аъзои доими конфронси СИРД - ро аксари кишварҳои аврупоӣ ташкил медиҳанд ва танҳо се кишвари Амрико, Чин ва Эрон узви доими ғайриаврупоии ин конфронс ҳастанд.

Вай идома дод: Эрон дар канори кишварҳое монанди Англия, Австрия, Фаронса ва Эстония ҷузви аъзои доимӣ аст.

Рахшонимеҳр гуфт: Асоси конфронси СИРД аз соли 1967 гузошта шуд ва сохтори он тавассути Белгия ва Англия бар мабнои афзоиши маҳорати бахши тавзеъ ва тавсеаи касбу кор дар ин бахш ниҳода шуд.

Вай идома дод: Конфронси СИРД ҳам дорои коргоҳҳои омӯзишӣ аст, ки дар моҳҳои ҷуфти ҳар соли мелодӣ ва ҳам конфаронс, ки дар моҳҳои тоқи мелодӣ баргузор мешавад.

Ҳаштумин конфронси минтақаии СИРД ба унвони муҳимтарин рӯйдоди илмӣ- санъатии тақсими барқи кишвар, имрӯз (душанбе - 22 феврал) бо ҳузури муовини вазири нерӯ дар умури барқу энержӣ оғоз шуд.