Пешниҳоди истифода аз манобеи Эрон дар Ҷопон барои хариди ваксинаи корона
(last modified Mon, 22 Feb 2021 14:24:10 GMT )
Феврал 22, 2021 19:24 Asia/Dushanbe
  • Ҳимматӣ: Кишварҳои дӯст бояд фориғ аз фишорҳои сиёсӣ ба ҳамкорӣ бо якдигар ҳиммат варзанд
    Ҳимматӣ: Кишварҳои дӯст бояд фориғ аз фишорҳои сиёсӣ ба ҳамкорӣ бо якдигар ҳиммат варзанд

Раиси кулли Бонки марказии Эрон ва сафири Ҷопон наҳваи истифода аз манобеи бонкии Эрон дар Ҷопонро мавриди баррасӣ ва табодули назар қарор доданд.

Дар ин дидор, ки ба дархости сафорати Ҷопон дар Эрон баргузор шуд, Абдунносир Ҳимматӣ бо ишора ба мулоқоти пешин бо мақомоти воломақоми кишвари Ҷопон ва ёдоварии таъкидоти худ дар хусуси поёни даврони фишори ҳаддиаксарии давлати пешини Амрико гуфт: Кишварҳои дӯст бояд фориғ аз фишорҳои сиёсӣ ба ҳамкорӣ бо якдигар ҳиммат варзанд.

Ҳимматӣ дар идома бар лузуми истифода аз манобеи арзии Эрон дар Ҷопон таъкид кард ва афзуд: Тарафи ҷопонӣ бояд дар хусуси истифодаи Эрон аз манобеи мазкур ва интиқоли онҳо ба дигар манбаъҳои мавриди ниёзи Бонки марказии Эрон ибтикори амал дошта бошад.

Сафири Ҷопон дар Эрон низ зимни қадрдонӣ аз талоши Бонки марказӣ барои суръат бахшидан дар пардохти қарзҳои ширкатҳои эронӣ ба тарафҳои ҷопонӣ, пешниҳоди истифода аз манобеи мавҷуд барои хариди ваксинаи коронаро матраҳ ва бар иҳтимоми сафорати Ҷопон дар эҷоди иртибот байни бонкҳои марказии ду кишвар ба манзури пешбурди беҳтари умур ва ҳалли масоили бонкӣ таъкид кард.

 

Бештар бихонед: