Феврал 22, 2021 20:15 Asia/Dushanbe
  • Баста шудани чаҳор марзи мусофирӣ байни Эрон ва Ироқ
    Баста шудани чаҳор марзи мусофирӣ байни Эрон ва Ироқ

Сухангӯи гумруки Эрон гуфт: Чаҳор марзи муштарак байни Эрону Ироқ фақат барои тараддуди мусофирӣ баста шудааст ва марзи Меҳрон низ аз фардо таътил хоҳад шуд.

Руҳуллоҳ Латифӣ рӯзи душанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА афзуд: Бар асоси тасмими устондориҳо, тараддуди мусофирӣ дар марзҳои Чазоба, Шаламча, Темирчин ва Кила мамнуъ эълом шудааст.

Вай бо баёни ин ки тараддудҳо дар марзҳои Темирчин ва Кила дар устони Озарбойҷони ғарбӣ аз рӯзи гузашта ба муддати ду ҳафта мамнуъ шудааст, таъкид кард: Тараддуди мусофирии марзи Меҳрон низ аз сешанбеи 23 феврал мутаваққиф хоҳад шуд.

Сухангӯи гумруки Эрон таъкид кард: Густариши вируси коронаи англисӣ дар кишвари Ироқ боиси баста шудани марзҳои муштарак шудааст.

Вай афзуд: Дар як соли гузашта фақат муҷаввизи тараддуд барои афроди хос бо визаи таҳсилӣ, дармонӣ, шуғлӣ ва тиҷорӣ содир мешуд, ки дар ҳоли ҳозир ин визаҳо низ мамнӯият ё маҳдудияти тараддуд хоҳанд дошт.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп