Феврал 24, 2021 18:44 Asia/Dushanbe
  • Мелоди Имом Алӣ муборак бод
    Мелоди Имом Алӣ муборак бод

Фардо, панҷшанбе, сенздаҳуми раҷаби соли 1442 ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо 25 феврали 2021, солрӯзи мелоди пешвои парҳезкорон ҳазрати Алӣ (а) аст.

Ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб (а) дар сенздаҳуми моҳи раҷаб мутаваллид шуд, дар ҳоле ки девори хонаи Каъба ба рӯйи модарашон Фотима бинти Асад шикофт ва он бонӯи бузургвор барои таваллуди фарзандаш меҳмони хонаи Каъба шуд ва ин фазилате аст, ки на пеш аз Алӣ (а) ва на пас аз ӯ ба ҳеч кас дода нашудааст.

Имом Алӣ (а) аз даврони кӯдакӣ ва навҷавонӣ дар канори паёмбари бузурги Худо ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) рушд ва парвариш ёфтанд ва аз тарбияти илоҳии эшон баҳраманд шуданд.

Эшон нахустин марде буданд, ки ба расули Худо (с) имон овараданд ва дар ҳамаи мароҳили таблиғу тарвиҷи дини мубини Ислом аслитарин ёвари ҳазрати Муҳаммад (с) ба шумор мерафтанд ва дар ин роҳ рашодатҳо ва аз ҷон гузаштагиҳои бисёре аз худ нишон доданд.

Имом Алӣ (а) дар даврони сисолаи имомат ва низ чаҳор солу нуҳ моҳи хилофат бар ҷомеаи мусулмонон намунаи беҳамтои адолат, меъёри ҳақ ва ойинаи тамомнамои сираву суннати расули Худо (с) буданд.

Дар тақвими Ҷумҳурии исломии Эрон солрӯзи валодати Имом Алӣ (а) “Рӯзи падар” номгузорӣ шудааст ва ба ин муносибат дар саросари Эрони исломӣ шодмонӣ ва сурур аст.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон низ фаро расидани солрӯзи валодати Шери Худо ва пешвои покону адолатхоҳони ҷаҳон - ҳазрати Имом Алӣ (а) -ро ба ҳамаи мусулмонону дӯстдорони он ҳазрат табрик мегӯяд.

 

Барчасп