Таслияти солрӯзи вафоти ҳазрати Зайнаб(а)
(last modified Sat, 27 Feb 2021 05:20:59 GMT )
Феврал 27, 2021 10:20 Asia/Dushanbe
  • Ҳазрати Зайнаб (а) дар соли 63 ҳиҷрии қамарӣ ва яку нимсол пас аз ҳодисаи Ошӯро дори дунёро видоъ гуфтанд
    Ҳазрати Зайнаб (а) дар соли 63 ҳиҷрии қамарӣ ва яку нимсол пас аз ҳодисаи Ошӯро дори дунёро видоъ гуфтанд

Эрони исломӣ дар солрӯзи вафоти ҳазрати зайнаб (а), бонӯи қаҳрамони Карбало ва парчамдори наҳзати Ошӯро андуҳбор ва сиёҳ‎пуш аст.

Имрӯз 15 раҷаби 1442 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 27 феврали 2021 солрӯз вафоти ҳазрати зайнаб (а), набераи Паёмбари гиромии ислом(с) ва фарзанди ҳазрати Фотима (а) ва ҳазрати Алӣ (раз.)аст.

Ҳазрати зайнаб (а) усваи ҳикмат ва фарзонагӣ ва сабру хирадмандӣ дар канори бародаршон ҳазрати имом Ҳусейн (а) бо ҷараёни вопасгаро ва мунҳарифе мубориза карданд, ки ба исми дифо аз ислом, фоҷеъаи  бузурги Карбалоро ба вуҷӯд овараданд.

Эшон пас аз шаҳодати бародари бузургворашон имоми Ҳусейн (а) ва ёрони бо вафояш ба ҳамроҳи бозмондагони ҳодисаи Карбало ба асорат бурда шуданд, аммо дар ҳамин асорат, бо хутбаҳои пуршӯру ва мантиқӣ, моҳияти паст ва фосиди Бани Уммаяро ифшо карданд.

Наҳзати хунини имом Ҳусейн (а) бо ифшогариҳои ҳазрати Зайнаб (а) дар Куфа ва Шом зидди дастгоҳи ҳукумати фосиди Язид, аҳдоф ва фалсафаи қиёми имом Ҳусейн (а)-ро барои ҳамеша мондагор кард.

Ҳазрати Зайнаб (а) дар соли 63 ҳиҷрии қамарӣ ва яку нимсол пас аз ҳодисаи Ошӯро дори дунёро видоъ гуфтанд.

Садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон фаро расидани солрӯзи вафоти ҳазрати Зайнаб (а)-ро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон таслият мегӯяд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: