Март 01, 2021 14:50 Asia/Dushanbe
  • Ваксинаи Розӣ Куу Порс  мутобиқ бо дастуруламали Созмони ҷаҳонии беҳдошт тавлид шуда аст
    Ваксинаи Розӣ Куу Порс мутобиқ бо дастуруламали Созмони ҷаҳонии беҳдошт тавлид шуда аст

Корозмоии болинии ваксинаи коронаи тавлидии ширкати Розии Эрони мавсӯм ба «Розӣ Куу Порс » оғоз шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ваксинаи ширкати Розӣ,ки нахустин ваксинаи тазриқӣ - истиншоқии корона аст рӯзи якшанбе бо тазриқи марҳалаи аввали озмоиши инсонӣ ба ду довталаб оғоз шуд .

  Муҳаммадҳасани Фаллоҳии Меҳрободӣ, муовини таҳқиқоту фанноварии муассисаи таҳқиқотии Розӣ дар ин маросим шумори довталабони марҳалаи аввали озмоиши инсонии ин ваксинаро 133 нафар эълом кард ва гуфт ки 13 нафар дар гурӯҳи аввал ва бақияи ҳам дар чаҳор гурӯҳи 30 нафараи вориди ин тарҳи мутолиъотӣ хоҳанд шуд .

    Ваксинаи Розӣ Куу Порс  мутобиқ бо дастуруламали Созмони ҷаҳонии беҳдошт тавлид шудааст .

 

Пеш аз ин низ донишмандони эронӣ ваксинаи коронаи « Куу Эрон баракат »-ро ба марҳалаи озмоиши инсонӣ расонданд .

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп