Март 02, 2021 19:03 Asia/Dushanbe
  • Мудири масули моҳномаи Бухоро Алии Деҳбошӣ  ба далели мубтало шудан ба корона дар бемористон бистарӣ аст
    Мудири масули моҳномаи Бухоро Алии Деҳбошӣ ба далели мубтало шудан ба корона дар бемористон бистарӣ аст

Аҳли фарҳанг дар Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон барои Али Деҳбошӣ мудири моҳономаи Бухоро ва чеҳраи номошнои фарҳангу адаби Эрон, ки ба корона гирифтор шудааст, саломатӣ орзу мекунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бисёре аз аҳолии фарҳангу адаб дар Эрону Тоҷикистон бо шунидани хабари мубтало шудани Алии Деҳбошӣ чеҳраи номошнои фарҳангӣ ва мудири масъули моҳномаи Бухоро ба шеваҳои гуногун ба у дилгармӣ медиҳанд то аз бистари беморӣ бархезад. 

Шоири тоҷик Фирдавси Аъзам зимни орзуи саломатӣ барои Деҳбошӣ дар як қитъаи рубоӣ барои у сурудааст: 

 «На мисли касе, ки аз дарахт афтодааст

На он ки аз остони бахт афтодааст

Ин мард фақат Алии Деҳбошӣ нест

Эрони бузург рӯи тахт афтодааст» 

Ҳажири Теҳронӣ узви анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон низ дар сафҳаи Фейсбуки худ навиштааст: «Зудтар бархез эй мард, ки чашмони бешумори Аму ва Ҳирманд то Теҳрон ва Халиҷи Форс аз саломатии ту нигарон ҳастанд."

Шаҳзода Самарқандӣ шоир ва достоннависи тоҷик низ аз ҳама хостааст барои Алии Деҳбошӣ " фаъоли хастагинопазири фарҳанги Эрон" дасти дуо боз кунанд. 
    

Муҳаммадкозими Козимӣ шоиру пажӯҳишгари аҳли Афғонистон низ дар матлабе бо унвони «Алии Деҳбошӣ дар ҷидол бо корона» навиштааст: «Баъзеи одамҳо ба танҳоӣ кори як ниҳоди фарҳангиро мекунанд. Метавон онҳоро вазорати хонаҳои сайёр донист.  Ва Алии Деҳбошӣ аз ин одамҳост. Касе ки чанд даҳаи мутаволӣ бо талошу ҳиммати таҳсинофарин ва ба шакли хастагинопазир барои донишу адаби ин ватани фарҳангӣ кор карда ва корномае шигифтангез бар ҷой ниҳодааст. Ӯ ин рӯзҳо бо бемории корона даст ба гиребонаст. Худо нигаҳдораш бошад.»

Наҷиб Борвар  шоири дигари аҳли Афғонистон низ дар матлабе зимни орзӯи саломатӣ барои Деҳбошӣ ва сурудани шеъре барои вай, ӯро "яли гарданфароз, инсони мутавозеу бузург" номидааст, ки ҳеч касе бо ҳеч лафзе наметавонад ба кору корномааш ибрози ташаккур кунад. 

Алии Деҳбошӣ, ки ҳамвора бо бемории астма (нафастангӣ) даст ба гиребон буда акнун ба шиддат бо корона даргир шудааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп