Март 04, 2021 19:54 Asia/Dushanbe
  • Оғози иҷлоси маҷозии сарони Созмони ҳамкории иқтисодӣ ( ЭКО ) бо ҳузури Руҳонӣ

Чаҳордаҳумин нишасти сарони созмони ҳамкории иқтисодӣ ( ЭКО ) рӯзи панҷшанбе бо шиори " Ҳамкории иқтисодии минтақаӣ дар даврони пасокорона " ба сурати маҷозӣ ва бо ҳузури сарони 10 кишвари узв оғоз шуд .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар ин нишасти маҷозӣ сарони кишварҳои Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон, Туркия, ҷумҳӯрии Озарбойҷон, Туркманистон, Узбекистон, Қирғизистон ، ва Қазоқистон ба мизбонии Исломобод ба унвони раиси сездаҳумин нишасти сарони ЭКО ширкат доранд .

  Ин нишаст бо суханронии мақоми аршади покистонӣ ба унвони раиси давраии нишасти қаблӣ оғоз ва бо интихоби раиси чаҳордаҳумин нишасти сарон ва суханронии дабири кулли ЭКО идома меёбад .

   Пас аз он низ дастури кори нишаст барои тасвиб ба баҳс гузошта мешавад ва дар идома раисони ҳар як аз кишварҳои узв ва аъзои нозир ва меҳмонони вижа суханронӣ мекунанд ва иҷлос дар ниҳоят бо имзои маншури маркази таҳқиқоти ЭКО дар Боку тавассути кишварҳое ки омодагии лозимро доранд ва ҳамчунин суханронии раиси чаҳордаҳумин нишасти сарон  поён меёбад .

   Ҳасани Руҳонӣ- раиси Ҷумҳӯрии исломии Эрон низ аз ҷумлаи суханронони ин иҷлос аст .

 

    Бештар бихонед :

 

Барчасп