Иддаоҳои такрории Иттиҳодияи араб дар бораи ҷазоири сегонаи иронӣ
(last modified Thu, 04 Mar 2021 16:34:57 GMT )
Март 04, 2021 21:34 Asia/Dushanbe
  • Иддаоҳои такрории Иттиҳодияи араб дар бораи ҷазоири сегонаи иронӣ

Вазирони хориҷаи кишварҳои араби узви шӯроии Иттиҳодияи араб дар нишасте дар Қоҳира иддаоҳои худ дар бораи ҷазоири се гонаи эрониро такрор карданд .

  Ба гузориши хабаргузории Форс, вузарои хориҷаи кишварҳои араби узви шӯроии Иттиҳодияи араб рӯзи чаҳоршанбе дар яксаду панҷоҳу панҷумин даври нишасти ин шӯро дар Қоҳира бо такрори иддаоҳои худ дар бораи ҷазоири эронии « Абумусо », « Тунби бузург » ва « Тунби кӯчак » дар халиҷи  Форс муддаии ҳокимияти Аморот бар ин ҷазоир шуданд .

  Ин дар ҳоле аст ки Ҷумҳӯрии исломии Эрон борҳо такрори иддаои мансӯх дар хусӯси ҷазоири сегонаи эронӣ дар халиҷи Форсро рад ва таъкид кардааст ин ҷазоир дар халиҷи  Форс  эронӣ буда ва эронӣ хоҳанд монад ва такрори дуруғу иддао дар ин маврид воқеъиёти торихиро тағйир нахоҳад дод.

   Ахиран Саиди Хатибзода-сухангӯи вазорати умӯри хориҷаи Эрон низ дар посух ба иддаои шайх Абдулло бин Зоид- вазири умӯри хориҷаи Аморот дар маҷмаъи умумии Созмони милали муттаҳид таъкид кард, ки ҳаққи ҳокимияти Эрон бар ҷазоири эронии « Абумусо », « Тунби бузург » ва « Тунби кӯчак » дар халиҷи  Форс қатъӣ ва тардиднопзир аст ва такрори иддаоҳои беасос таъсире бар ҳаққи ҳокимияти Эрон надошта ва нахоҳад дошт ва фоқиди ҳар гуна арзиши ҳуқуқӣ ва қонунӣ аст .

   Иддаои Аморот дар бораи ин ҷазоири эронӣ дар ҳоле матраҳ мешавад, ки бар асоси асноди Созмони милали муттаҳид ҷазоири сегона ҷузви ҷуқдоинопазири хоки Ҷумҳӯрии исломии Эрон аст .