Март 04, 2021 21:44 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Эрон

Сухангӯии вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт: То кунун як миллиону 665 ҳазору 103 нафар дар кишвар ба таври қатъӣ ба вирӯси корона мубтало шуда ва бо фавти 78 нафар аз беморони мубтало ба корона дар 24 соъати гузашта теъдоди ҷонбохтагони корона дар кишвар ба 60 ҳазору 431 нафар расидааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Симосодоти Лорӣ рӯзи панҷшанбе дар бораи охирин омори мубталоёни қатъии вируси корона ва мавориди фавтии ношӣ аз ибтило ба Ковид 19 дар кишвар афзуд : Аз дируз то имрӯз 14 исфанди 1399 ва бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ  8 ҳазору 404 нафар бемори ҷадиди мубтало ба корона дар кишвар шиносоӣ шуд, ки 709  нафар аз онҳо бистарӣ шуданд . Бо ин ҳисоб ، маҷмӯи беморони Ковид 19 дар кишвар ба як миллиону 665 ҳазору 103  нафар расид .

    Лорӣ гуфт : То кунун 1 миллиону 420  ҳазору  958  нафар аз беморон беҳбуд ёфта ва ё аз бемористонҳо тархис шудаанд .

 

    Бештар бихонед :

 

Барчасп