Март 06, 2021 17:49 Asia/Dushanbe
  • Шаби гузашта дар Эрон 8 ҳазору 212 бемори нави гирифтори бемории Ковид-19 муайян карда шуд
    Шаби гузашта дар Эрон 8 ҳазору 212 бемори нави гирифтори бемории Ковид-19 муайян карда шуд

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 82 нафар бар асари ибтило ба вируси корона дар кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикиии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Эрон пресс, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон Симо Содот Лорӣ рӯзи шанбе гуфт: "Дар шабонарӯзи гузашта 8 ҳазору 212 бемори ҷадиди мубтало ба бемории Ковиди 19 дар Эрон шиносоӣ ва 527 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд."

Симо Содот Лорӣ афзуд:  Бар ин асос маҷмӯи беморони Ковиди 19 дар Эрон ба як миллиону 681 ҳазору 682 нафар расидааст, ки токунун як миллиону 435 ҳазору 357 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ва ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Вай маҷмӯи ҷонбохтагони бемории корона дар Эронро низ 60 ҳазору 594 нафар эълом кард.

 

Бештар бихонед:

Барчасп