Тақдими паёми Путин ба Раҳбари Муаззами Инқилоби Исломӣ
(last modified Sat, 06 Mar 2021 17:24:34 GMT )
Март 06, 2021 22:24 Asia/Dushanbe
  • Мушовири Раҳбари Инқилоб: Муносибатҳои Эрон ва Русия муносибатҳои стратегӣ бо эҳтироми тарафайн мебошанд
    Мушовири Раҳбари Инқилоб: Муносибатҳои Эрон ва Русия муносибатҳои стратегӣ бо эҳтироми тарафайн мебошанд

Рӯзи шанбе сафири Русия дар Эрон Лаван Ҷагарян бо Алиакбар Вилоятӣ, мушовири Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар Теҳрон дидор кард ва паёми раисҷумҳури Русия Владимир Путинро ба Раҳбари инқилобро тақдими вай кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИСНА, Вилоятӣ дар ин дидор, Русия ва Эронро дӯстони муҳим ва ҳамсояҳои пойдор хонд ва қудумати ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва равобити роҳбурдии байни ду кишварро омили муҳими истимрори муносиботи роҳбурдии ду кишвар дар ҳавзаҳои гуногун донист. 

Мушовири Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ таъкид кард: Равобити Эрону Русия равобите роҳбурдӣ бо ҳифзи эҳтироми мутақобил аст. 

Вилоятӣ бо ишора ба бархе таҳаввулоти минтақавӣ ва байналмилалӣ ёдовар шуд: Ҳамкориҳои Эрон ва Русия бо кишвари Сурия, ки ба даъвати мақомоти он кишвар сурат гирифт, ба Сурия кумак кард то дар баробари душманонаш муқовимат кунаду пирӯз шавад.

Ҷагарян ҳам бо ибрози хурсандӣ аз раванди рӯ ба рушду тавсеъаи равобити ду кишвар гуфт: Тақвият ва таҳкими равобити дуҷонибаи байни Русия ва Эрон ба қавому тадовуми муносибот ва ҳамкориҳои дуҷониба анҷомидааст ва ду кишвар қадамҳои муассире барои иртиқои муносибот бардоштаанд.

Паёми  Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ Оятуллоҳ Хоманаӣ ба Путинро чанде қабл раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф ба Маскав бурд.

 

Бештар бихонед: