Март 07, 2021 10:37 Asia/Dushanbe
  • 58 ҳазору 300 донишҷӯи ғайриэронӣ дар риштаи забони форсӣ таҳсил мекунанд
    58 ҳазору 300 донишҷӯи ғайриэронӣ дар риштаи забони форсӣ таҳсил мекунанд

Ҳар донишҷӯи ғайриэронӣ аз ҳар кишвари ҷаҳон, ки бихоҳад дар заминаи забону адабиёти форсӣ ё эроншиносӣ таҳсил кунад, ба сурати бурсия(квота) дар вазорати улӯм, таҳқиқот ва фанноварии Эрон пазируфта мешавад .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, муовини бахши густариши забони форсӣ ва эроншиносии Маркази ҳамкориҳои илмии байналмиллалии вазорати улӯму таҳқиқот ва фанноварии Эрон аз баргузории 31 курсии забону адабиёти форсӣ дар дигар кишварҳои ҷаҳон хабар дод ва изофа кард : Имсол ба сабаби шуюъи корона бештари омӯзишҳои забони форсӣ ба сурати маҷозӣ баргузор шудааст.

 Баҳодури Боқирӣ гуфт : То поёни имсол низ 23 устоди забони форсӣ ба 13 кишвари ҷаҳон эъзом мешаванд .

 Ҳам акнун 58 ҳазору 300 донишҷӯи ғайриэронӣ дар донишгоҳҳои ҷаҳон дар риштаи забони форсӣ таҳсил мекунанд .

 

  Бештар бихонед :

Барчасп