Март 07, 2021 17:53 Asia/Dushanbe
  • Генерал Боқирӣ: Ҷавонони эронӣ дар дифоъ аз ормонҳои инқилоб медурахшанд
    Генерал Боқирӣ: Ҷавонони эронӣ дар дифоъ аз ормонҳои инқилоб медурахшанд

Раиси Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Эрон нақши ҷавононро дар дифоъ аз ормонҳои инқилоб, пешрафти ҳадафҳои низом ва сангарҳои хидмат ба мардум дар созмонҳои мардум ниҳоди Дифои Муқаддас дурахшон тавсиф кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сарлашкар « Муҳамад Боқирӣ » раиси ситоди кули нерӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи якшанбе дар паёме ба аввалин ҷашнвораи миллии баргузидагони ташаккулҳои бартари мардум ниҳоди Дифои муқаддас  гуфт: Бешубҳа дар шароити  пурмасъулияти кунунӣ, ки шумо ҷавонони азиз дар канори пешкисватони ҷиҳод, муқовимат ва парчамдорони мактаби шаҳиди Ҳоҷи « Қосим Сулаймонӣ » дар сафи дифо аз ормонҳои инқилоб, пешбурди аҳдофи низом ва сангарҳои хизмат ба мардум дар ташаккулҳои мардуми ниҳоди дифои муқаддас медурахшед, сармояе азим ва саде мустаҳкам дар баробари тавтеаҳои ҷибҳаи душман дар таҳрифу камасар кардани фарҳанги Дифои муқаддас ба шумор рафта ва иҷоза нахоҳед дод то машъали пурфурӯғи ҳидояти наслҳои ояндаи ин сарзамин, ба сӯи дарвозаҳои тамаддуни навини исломӣ, хомӯш шавад. 

Генерал Боқирӣ афзуд: "Масъулияти нигоҳ доштани парчами фидокорӣ ва шаҳодат ва паҳн намудани арзишҳои дифои муқаддас ва ҳифзи дастовардҳо ва ин ганҷинаи бузурги адонашавандаи 8-солаи муқовимат ва муқовимати муқаддас бар дӯши шумо, насли ҷавони инқилобӣ қарор дорад, ки бояд бо иттако ба доштаҳои худ ба сурати худҷӯш ва халлоқона ин рисолатро ба сарманзили мақсуд бирасонед.

Ҳамчунин раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар паёми ҷудогонае ба сездаҳумини ҷашнвораи Ҳазрати Алӣ Акбар ( а ), сарбозиро мавсими худсозӣ ва парвариши истеъдодҳо донист ва гуфт: Ҳузур дар майдонҳои имдод, наҷот ва хадамотрасонӣ ба мардуми зилзилазада ва гирифтор омада дар балоёии табиӣ ва талошҳои хастагинопазир, мутааҳҳидона ва исоргарона дар ҳамроҳӣ бо муҷоҳидони саломат барои муқобила бо вируси манҳуси корона ва кумакҳои мӯминона ба маҳрумону осебдидагон аз  намунае аз талошу ҳузур бебадили сарбози эронӣ парвариш ёфта дар мактаб ислом аст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп