Эрон: Фатвои Раҳбари инқилоб дар ҳаром будани бомбаи атомӣ, ҳарфи ниҳоӣ аст
Раиси Созмони Энержии Атомии Эрон дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии PBS-и Амрико гуфт: Фатвои Раҳбари муаззами инқилоб дар ҳаром будани бомбаи атомӣ, ҳарфи ниҳоӣ аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; Алиакбари Солеҳӣ дар ин гуфтугӯ изҳор кард: Ҳарфи ниҳоиро Раҳбари муъаззам инқилоб зада ва фатвое содир кардаанд, ки на танҳо ҳукм мазҳабист, балки ҳеч ҷое барои баҳс дар бораи он ҳам вуҷуд надорад.
Раиси Созмони Энержии Атомии Эрон афзуд: Ҳар касе метавонад дар бораи зеҳният ва орзӯҳои худ сӯҳбат кунад, аммо дар мақоми амал, мо бояд он чиро, ки фатво мегӯяд амал кунем.
Солеҳӣ бо ишора ба хуруҷи Амрико аз Барҷом ва ҳузури Эрон дар созукори он изофа кард: Касе, ки аз Барҷом хориҷ шудааст бояд нахуст бозгардад.
Вай дар бораи тарҳи маҳдудияти назорати ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар ҳавзаи фаъолиятҳои ҳастаии Эрон ҳам гуфт: Мо назорати ожонс бар Эронро маҳдуд накардем, балки танҳо бахше аз тааҳудоти довталабонаи худ мутобиқи Барҷом, яъне протоколи илҳоқиро канор гузоштем.
Раиси Созмони Энержии Атомии Эрон ёдовар шуд: Дурбинҳои назоратии ожонс дар марокизи ҳастаии Эрон ҳамчунон фаъол ҳастанд, аммо ожонс то се моҳ қодир ба дастрасӣ ба иттилооти он нест ва агар дар ин муддат Барҷом эҳё шавад, ин иттилоот ба онҳо таҳвил дода хоҳад шуд.
Бештар бихонед: