Дастрасии ройгони тоҷикон ва ӯзбекҳо ба филмҳо ва сериалҳои эронӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i63498-Дастрасии_ройгони_тоҷикон_ва_ӯзбекҳо_ба_филмҳо_ва_сериалҳои_эронӣ
Ширкати тавзеи намоишҳои хонагии "Филимо"имкони дастрасии ройгони форсизабононро ба филмҳо ва сериалҳои эронӣ барои форсизабонони Тоҷикистон ва Узбакистон фароҳам овард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 10, 2021 15:34 Asia/Dushanbe
  • Онҳое, ки ба сериалҳои эронӣ алоқаманданд, метавонанд ба суроғаи интернетии https://www.filimo.com муроҷиат кунанд
    Онҳое, ки ба сериалҳои эронӣ алоқаманданд, метавонанд ба суроғаи интернетии https://www.filimo.com муроҷиат кунанд

Ширкати тавзеи намоишҳои хонагии "Филимо"имкони дастрасии ройгони форсизабононро ба филмҳо ва сериалҳои эронӣ барои форсизабонони Тоҷикистон ва Узбакистон фароҳам овард.

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, равобити умумии ширкати "Филимо" эълом кард: Ҳамзамон бо оғози баҳори соли 1400 ба муддати се моҳ шаҳрвандони форсизабон дар Тоҷикистон ва Узбакистон метавонанд иштироки се моҳаи ройгони Филиморо ба даст оваранд ва аз тамошои маҳсулоти синемоӣ ва телевизиюнии Филимо баҳраманд шаванд. 

Ин кинотеатри хонагии онлайн ҳадафи худ аз ин амалро барои рушди робитаҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ ва ба ҳам наздик кардани миллатҳои форсизабон ва роҳ кушодан ба намоишҳои муштарак дар асоси имкониятҳои рассомони маҳаллӣ ва географҳои кишварҳои ҳамсоя эълон кард.

  Алоқамандон метавонанд дар ин замина ба нишонии интерентӣ https : //www . filimo . com муроҷиа кунанд.

 

Бештар бихонед: