Март 10, 2021 21:47 Asia/Dushanbe
  • 27 раҷаб иди мабъас аст
    27 раҷаб иди мабъас аст

Панҷшанбеи 27 раҷаби соли 1442 ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо 11 марти 2021 мабъаси паёмбари аъзам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи васаллам аст.

Иди мабъас рӯзе аст, ки дар он ҳазрати Муҳаммад (с) дар синни 40 солагӣ дар ғори Ҳиро аз сӯйи Худованди мутаол ба паёмбарӣ баргузида шуданд.

Эшон ба унвони охирин сафир аз паёмбарони бузурги илоҳӣ дар 27 –уми моҳи раҷаб аз соли чиҳилуми «Омулфил» ба паёмбарӣ баргузида шуданд то ҷомеаи ҷоҳиле, ки ғарқ дар ҷаҳолат ва беахлоқӣ будро ба самти ахлоқмадорӣ, каромати инсонӣ ва иззати нафс даъват кунанд.

Беъсати паёмбари акрам (с) -ро бояд сароғози ташкили бузургтарин тамаддуни исломӣ ва ахлоқии ҷаҳон донист, ки инсонҳоро аз олудагиҳои фикриву ақидатӣ дар тӯли таърих наҷот дод.

Паёмбари бузурги Ислом бо муъҷизаи Қуръони карим ба унвони беҳтарину комилтарин китоби осмонӣ мабъус шудааст, мабъасе ки инфиҷори нуру зуҳури арзишҳои инсонӣ дар саҳнаи ҳаёти башарӣ буд.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон ва сайти Порс Тудей фаро расидани бузургтарин иди мусулмонони ҷаҳон, солрӯзи беъсати ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) -ро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон табрик мегӯяд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп