Тамдиди 5 солаи муоҳидаи ҳамкории Эрон ва Русия
Сафири Эрон дар Маскав аз тамдиди 5 солаи муоҳидаи ҳамкории Эрону Русия хабар дод.
Козими Ҷалолӣ, сафири Эрон дар Русия бо ишора ба муоҳидаи 20 солаи равобити мутақобил ва усӯли ҳамкории Теҳрон – Маскав, ки рӯзи ҷумъа ба поён расид гуфт:Ин муоҳида ба таври худкор барои панҷсоли дигар тамдид шуд ва ҳамзамон бар асоси зарфиятҳои ҷадиди ду кишвар дар ҳоли барӯзрасонӣ барои тасвиби ду тарафа аст.
Сафири Эрон дар Русия афзуд, муносибот ва ҳавзаи ҳамкориҳои феълии Эрону Русия бисёр фаротар аз даҳаҳои гузашта аст, зимни инки ҳамкориҳои ду тараф амиқтар ва маънодортар ва зарфиятҳои зиёде дар равобити ду кишвар фароҳам шудааст, ки бояд дар қолаби барномаи ҷомеъи ҳамкориҳо ба онҳо пардохта шавад. Ҷалолӣ ҳамчунин дар “Твиттер” навишт: Бистумини солгарди "муоҳида асоси равобити мутақобил ва усӯли ҳамкорӣ байни Эрону Русия", ёдовари зарурати таҳкими маваддат байни ду кишвари ҳамсоя ва дӯстии ду миллат ва таъкиде бар усӯли бунёдини равобити ду кишвар аст.
Муоҳидаи равобити мутақобил ва усӯли ҳамкории Эрону Русия, ки рӯзи ҷумъа муҳлати 20 солаи он ба поёни расид ва барои 5 соли дигар тамдид шуд, дар 12 марти 2001 дар 21 мода ҳамзамон бо сафари раисиҷумҳури вақти Эрон ба Маскав ба имзои ду тараф расид.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Содироти Эрон ба Русия ду баробар шуд +филм
- Паёми размоиши Эрону Русия: амният дар минтақа
- Сафири Эрон дар Русия: Эрон ба дунболи тасҳили роҳҳои тиҷорати заминӣ ва дарёӣ бо Русия аст