Август 17, 2024 11:41 Asia/Dushanbe
  • Баҳрабардорӣ аз киштии ҳафтҳазортонии Эрон дар поизи имсол

Киштии ҳафтҳазортоние, ки ба супориши Эрон дар корхонаи киштисозии воқеъ дар вилояти Астрахани Русия омода мешавад, то ду моҳи дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

 Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Козими Ҷалолӣ-сафири Эрон дар Русия бо ҳузур дар корхонаи киштисозии минтақаи озоди "Лотос" дар вилояти Астрахани ин кишвар, аз раванди сохти киштии эронӣ бо номи «Савоҳили Хазар» тавассути як ширкати русӣ боздид кард.

 То кунун 90 дарсад аз мароҳили сохти ин киштии ҳафтҳазортонӣ ба поён расидааст.

 Бар асоси барномаи эъломшуда тавассути ширкати созанда, ин киштӣ дар поизи соли ҷорӣ дар бандари "Солянка" ба Ҷумҳурии Исломии Эрон супурда мешавад.

 Бандари Солянка дар шимолу ғарби баҳри Хазар ва аз ҷумлаи бандарҳои Русия аст.

 Киштиронии Ҷумҳурии исломӣ дар соли 2010 , бахше аз саҳоми ин бандарро харид, то шиноварҳои эронӣ дар камтарин замон дар Русия паҳлу бигиранд.

 Дар ҳоли ҳозир 53 дарсад аз моликияти бандари Солянка ба Эрон тааллуқ дорад.

 

Барчасп