Бузургдошти оҳангсози барҷастаи эронӣ дар ҷумҳурии Озарбойҷон
(last modified Sat, 13 Mar 2021 06:43:13 GMT )
Март 13, 2021 11:43 Asia/Dushanbe
  • Фарҳоди Фахриддинӣ аз барҷастатарин устодони мӯсиқии Эрон башумор меравад
    Фарҳоди Фахриддинӣ аз барҷастатарин устодони мӯсиқии Эрон башумор меравад

Академияи миллии мӯсиқии ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳамоиши маҷозӣ аз мақоми ҳунарии устод Фарҳоди Фахриддинӣ, чеҳраи барҷастаи мӯсиқии Эрон таҷлил кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, дар ин ҳамоиш 25 нафар аз устодони матраҳи мӯсиқии донишгоҳҳои ҷумҳурии Озарбойҷон ва ройзани фарҳангии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Боку низ ҳузур доштанд.

Ошноии бештар бо мӯсиқии фахрии Эрон, таҷлил аз шахсияти ҳунарии устод Фарҳоди Фахриддинӣ ва муаррифии осори мӯсиқиёии вай аз аҳдофи баргузории ин ҳамоиш эълом шуд.

Фарҳоди Фахриддинӣ мутаваллиди 12 марти 1938 ва аз барҷастатарин устодони мӯсиқии Эрон ба шумор меравад.

Сохти мӯсиқии матн ва унвони сериалҳои машҳӯри эронии “Имом Алӣ (а)”, “ Мусофири Рай”, “Рӯзе рӯзгоре” ва “Кифи англисӣ” ва ҳамчунин ҳамкорӣ бо дигари пешкисватони бузурги мӯсиқии Эрон, аз ҷумла устодони зиндаёд Муҳаммадризои Лутфӣ ва Муҳаммадризо Шаҷариён аз савобиқи ҳунарии арзишманди ин чеҳраи мондагори ҳунари Эрон аст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: