Рӯнамоӣ аз ваксинаи эронии зидди коронаи «Фахро»
Марҳалаи нахусти корозмоии болинии ваксинаи эронии зидди коронаи мавсум ба «Фахро» оғоз шуд.
Ба гузориши хабаргузории «Эрон Пресс», Аҳмади Каримӣ, мудири тарҳи ваксинаи «Фахро» рӯзи сешанбе дар маросими рӯнамоӣ ва оғози корозмоии ин ваксина гуфт: Фароянди таҳқиқу тавсеаи ваксинаи Ковид - 19 аз соли гузашта оғоз шуд ва бо ҷудосозии ин вирус аз байни 35 ҳазор намунаи беморони эронӣ ва кишти 30 изолаи муносиб аввалин базри ваксина аз байни онҳо интихоб ва тавлид шуд.
Каримӣ изофа кард: Пас аз тайи мароҳили озмоишгоҳӣ ва тестҳои ҳайвонӣ рӯйи беш аз 650 ҳайвон аз гунаҳои мухталиф, безарарӣ ва асарбахшии ин ваксина ба исбот расидааст.
Вай изҳор дошт: Ҳамзамон тарроҳӣ ва сохти корхонаи тавлиди анбӯҳи ин ваксина низ оғоз шудааст ва умедворем то тобистон вориди марҳалаи тавлид шавад.
Ваксинаи эронии «Фахро» дар Созмони навоварӣ ва таҳқиқоти Вазорати дифои Эрон тавлид шудааст, ки донишманди шаҳид Муҳсини Фахризода раёсати онро бар ӯҳда дошт.
Бештар бихонед:
- Ваксинаи ҷадиди эронии корона рӯнамоӣ мешавад
- Оғози фази 2 ва 3 мутолеоти болинии аввалин ваксинаи эронии корона
- Асарбахш будани ваксинаи эронии Ковид -19 бар вируси коронаи англисӣ