Эрон ва Чин осори классикии форсӣ ва чиниро тарҷума мекунанд
Тафоҳумномаи тарҷума ва интишори осори классикии Чину Эрон миёни идораи миллии интишороти Ҷумҳурии Халқи Чин ва Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Эрон имзо шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хзуросон ба нақл аз ИРНА, Ҷанг Чун Фанг муовини вазири таблиғоти Чин ва Абузари Иброҳимии Туркман, раҳбари Созмони фарҳанг ва иртиботи исломии Эрон рӯзи сешанбе аз номи ду кишвар санадеро имзо карданд.
Бар асоси ин тафоҳумнома, Чин ва Эрон тавофуқ кардаанд дар панҷи соли оянда 50 асари классики ду кишварро ба таври муштарак тарҷума ва мунташир кунанд то маҳсулоти маънавӣ ва фарҳангии арзишманди бештаре барои мардуми ду кишвар фароҳам шавад.
Имсоли панҷоҳумин солгарди барқарории равобити дипломатӣ байни Ҷумҳурии халқи Чин ва Эрон аст.
Бештар бихонед: