Март 17, 2021 22:16 Asia/Dushanbe

Дар ҳоле ки сеюми шаъбон солрӯзи мелоди дурдонаи Худо Имом Ҳусайн (а)-ро пушти сар мегузорем, дар шаби чаҳоруми моҳи Шаъбон ва солрӯзи мелоди моҳи бани Ҳошим - ҳазрати Абулфазли Аббос (а) ҷаҳони Ислом, ба вижа шаҳри Карбалои муъалло дар Ироқ саршор аз шодмониву нуру сурур аст.

Имшаб чашми ҳазрати Алӣ бин Абитолиб (а) ва ҳамсарашон бонӯ Уммулбанин (с) ба қадамҳои фарзанде равшан мешавад, ки дар замину осмон ба паҳливониву ҷавонмардӣ ва адабу вафо шуҳра аст.

Ҳазрати Аббос (а) ҷавонмарди рашиду сақои дашти Карбало, ки ҳикояти адабу вафодории ӯ ба бародар ва мавлояш - ҳазрати Имом Ҳусайн (а) то замину замона барпост, сармашқи зиндагии башарӣ аст.

Эшон дар даврони кӯдакии худ дар домони падари бузургворашон ва пас аз он дар маҳзари бародарони шарифашон Имом Ҳасани Муҷтабо (а) ва Имом Ҳусайн (а) дарси диндориву диловарӣ ва мардонагӣ омухт ва ҳамаи омӯзаҳои худро дар дифоъ аз хонадони исмат дар рӯзи Ошӯрои соли 61 ҳиҷрӣ чун тоблуе беназиру тамошоӣ дар маърази нигоҳи ҷаҳониён қарор дод.

Мелоди ҳазрати Абулфазли Аббос (а) - мелоди ҳамаи хубиҳову ҷавонмардиҳост ва он ҳазрат ончунон ҷойгоҳе воло дар ин арса дорад, ки ҳатто пайравони адёни ғайриислом низ ба ин чеҳраи дурахшони олами Ислом ишқ меварзанд ва ба остони баланди ӯ ибрози адабу иродат мекунанд.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон солрӯзи мелоди моҳи бани Ҳошим - ҳазрати Абулфазли Аббосро ба ҳамаи пайравони тариқи озодагиву мардонагӣ табрик мегӯяд.

 

Бештар бихонед: