Имзои дуввумин қарордоди СВОП –и гази Эрон
Дуввумин қарордоди расмии СВОП-и газ миёни Эрон ва Туркманистон ба имзо расид.
Ҳамидризо Ироқӣ, муовини вазири нафт ва мудиромили ширкати миллии гази Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, бар асоси ин қарордод Эрон рӯзона наздик ба се миллион метри мукааб гази табиӣ аз Туркманистон ба ҷумҳурии Озарбойҷон СВОП мекунад.
СВОП ё муовиза, яке аз мутмаинтарин ва камҳазинатарин равишҳои интиқоли энержӣ дар минтақа ва ҷаҳон аст. Бо таваҷҷуҳ ба мавқеияти ҷуғрофиёии кишварҳои ҳошияи баҳри Хазар ва ҳамчунин имтиёзҳои нисбии Эрон дар минтақа, СВОП-и нафти хом ва гази табиии кишварҳои ҳавзаи Хазар бо Эрон, яке аз арзонтарин ва амнтарин роҳҳои интиқоли энержӣ аст.
Қарордоди ахири Теҳрон бо Ишқобод, дуввумин қарордоди СВОП –и гази Ҷумҳурии Исломии Эрон маҳсуб мешавад. Бо иҷрои тарҳи СВОП –и гази Туркманистон ба ҷумҳурии Озарбойҷон, дуввумин қарордоди СВОП-и гази Эрон пас аз қарордоди СВОП-и гази ҷумҳурии Озарбойҷон ба Нахҷавон иҷро шудааст. Ҳарду қарордоди СВОП-и гази Эрон дар даврони пасобарҷом имзо шудааст.
СВОП- газ аз масири Эрон аз чанд соли гузашта бо амалиёти интиқоли газ миёни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Нахҷавон оғоз шуда буд. Бо таваҷҷуҳ ба зарфиятҳои фаровони ҳамкории Эрон бо сойири кишварҳои баҳри Хазар дар заминаи СВОП –и гази табиӣ, Эрон ба тарҳҳои интиқоли энержӣ дар минтақа ба унвони тарҳҳои баландмуддат менигарад. Қарордодҳои ин тарҳҳо метавонад барои тӯлонимуддат имзо шавад. Ба вижа он ки бо иҷрои СВОП-и нафту газ, дигар ниёзе ба сарфи ҳазина барои сохти хутути лӯлаи интиқоли газ табиӣ дар минтақа нахоҳад буд. Кишварҳои ҳошияи баҳри Хазар бидуни сохти хутути лӯла ва ҳазинаҳои транзит, бо сарфи камтарин рақам, метавонанд гази табиии худро ба бозорҳои минтақа ва ҷаҳон содир кунанд. Дар ин замина, метавон ба СВОП-и нафти хоми кишварҳои ҳошияи баҳри Хазар ба бозорҳои минтақа ва ҷаҳон аз тариқи Эрон ишора кард. Дар солҳои ахир ҷумҳурии Озарбойҷон ва Қазоқистон ба сурати мавридӣ, нафти хоми худро аз тариқи СВОП бо Эрон, ба бозорҳои минтақа ва ҷаҳон содир карда буданд.
Гази интиқоли Туркманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар шимоли Эрон масраф мешавад. Эрон дар иваз, муодили гази дарёфтиро аз манобеи гази худ дар халиҷи Форс ба бозорҳои масраф таҳвил медиҳад. Бар асоси омор, ниёзи гази манотиқ шимолӣ ва ғарбии Эрон ба гази табиӣ байни 50 то 70 миллион метри мукааб аст ва кишварҳои ҳавзаи баҳри Хазар имкони онро доранд, ки қарордодҳои худро ҳадди ақал то 70 миллион метри мукааб афзоиш диҳанд. Дар ин замина, мақомҳои Эрон бо соири кишварҳои ҳошияи Хазар, аз ҷумла Русия дар бораи СВОП- гази табиӣ ва нафти хом музокирот анҷом додаанд.
Ҷумҳурии Исломии Эрон аз 11 соли гузашта то кунун ва аз солҳои 2005 то 2013 беш аз ду миллиард метри мукааб гази ҷумҳурии Озарбойҷонро ба ҷумҳурии худмухтори Нахҷавон СВОП кард. Қарордоди муовиза ё СВОП-и гази табиии Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар соли 2004 барои 25 сол имзо шуд. Бар асоси ин қарордод, ки дар соли 2004 миёни Теҳрон ва Боку имзо шуд, Теҳрон рӯзона наздик ба ду миллион метри мукааб гази ҷумҳурии Озарбойҷонро аз тариқи марзи Астара ба ҷумҳурии худмухтори Нахҷавон СВОП мекунад.