Охирин омори корона дар Эрон
-
То кунун як миллиону 528 ҳазору 694 нафар аз беморон дар Эрон беҳбуд ёфтаанд
Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт, бо фавти 68 нафар аз беморони мубтало ба корона дар 24 соати гузашта, теъдоди ҷонбохтагони ин вирус дар кишвар ба 61 ҳазору 649 нафар расидааст.
Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи ҷумъа бо эъломи охирин омори мубталоён ва ҷонбохтгони корона дар кишвар афзуд: Дар шабонарӯзи гузашта бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ ҳафт ҳазору 620 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар кишвар шиносоӣ шуд ва 757 нафар бистарӣ шуданд.
Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт: Маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар кишвар ба як миллиону 786 ҳазору 265 нафар расидааст.
Лорӣ афзуд: То кунун як миллиону 528 ҳазору 694 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.
Бештар бихонед:
- Рӯнамоӣ аз ваксинаи эронии зидди коронаи «Фахро»
- Оғози фази 2 ва 3 мутолеоти болинии аввалин ваксинаи эронии корона