Эрон пойбанд набудани Амрико ба дастуроти ICC -ро эълом кард
Давлати Ҷумҳурии исломии Эрон бо ирсоли номае ба Девони байналмилалии додгустарӣ, нақзи такрорӣ ва пойбанд набудани Амрико ба дастури муваққати 3 октябри 2018-ро ба девон итилоъ дода ва аз девон дархост кард, ба наҳви муносибе нисбат ба ин мавзуъ вокуниш нишон диҳад.
Ба гузориши рӯзи ҷумъаи ИРНА, муовини намояндаи робити давлати Ҷумҳурии исломии Эрон дар ин нома бо ишора ба мукотиботи қаблии Эрон бо Девони байналмилалии додгустарӣ дар хусуси нодида гирифтани дастури муваққати девон дар парвандаи нақзи аҳднома тавассути Амрико ва иқдом накардану ҳамкории он давлат барои рафъи мавонеи марбут ба содироти маҳсулоти инсондӯстона, ғизо ва дору, таҷҳизоти ҳавонавардии мусофирӣ ва имконпазир кардани нақлу интиқолоти пулӣ дар ин маворид изофа кард, ки Амрико дар тамоми ин муддат бо ташдиди таҳримҳо ва эҷоди мамониат дар анҷоми муомилоти мавзӯи дастури муваққат ҳатто дар шароити ҳассос пас аз ҳамагирии вируси Ковид - 19 дастури муваққатро ба таври идомадор нақз кардааст.
Дар ин нома ба девон тавваҷуҳ дода шуда ки зарурату ҷиҳоти маъқули дархости дастури муваққат тавассути Эрон, ки бо судури қароре мавриди пазириши девон қарор гирифтааст, наметавонад то судури раъйи ҳукмӣ, ки эҳтимолан чанд сол ба тӯл хоҳад анҷомид, канор гузошта ё нодида гирифта шавад.
Ин нома ва пайвастҳои он дар 250 сафҳа, ки мустанадоти марбут ба нақзи мукаррар ва мустамари дастури муваққати девон тавассути Амрикоро нишон медиҳад, панҷшанбе ба дабири кулли Девони байналмилалии додгустарӣ дар Лоҳа (Гаага) ироа шуд.
Бештар бихонед: