Камолвандӣ: Агар амрикоиҳо дар бозгашт ба БарҶом таъхир кунанд, бозанда ҳастанд
Сухангӯи Созмони энержии атомии Эрон гуфт, агар амрикоиҳо дар бозгашт ба БарҶом таъхир кунанд, худашон бештар бозанда ҳастанд.
Беҳрӯзи Камолвандӣ, сухангӯи Созмони энержии атомии Эрон дар бораи далели таъхир ва тааллули Амрико дар бозгашт ба БарҶом гуфт: Ин масъала ба хӯи истикбории низоми Амрико бармегардад, дидгоҳи ду ҷиноҳе, ки дар Амрико ҳоким ҳастанд, ин аст, ки мехоҳанд дунёро дар ихтиёри комил дошта бошанд ва фақат дар тактикаҳо мутафовит ҳастанд.
Камолвандӣ афзуд: Талаққии ҳайати ҳокимаи феълии Амрико ин аст ки метавонад боз ҳам ба Эрон фишор оварад, аммо агар оқил бошанд бояд муҳосиба кунанд ва бубинанд ҳамаи фишорҳо аз сӯйи Трамп беасар буд.
Сухангӯи Созмони энержии атомии Эрон дар хусуси раванди ҳамкории Эрон бо ожонси байналмилалии энержии атомӣ гуфт: Ожонс агарчӣ бояд як ниҳоди фаннӣ бошад, аммо таҳти таъсири фишори сиёсии кишварҳо аст.
Камолвандӣ бо ишора ба ин ки бидуни Амрико ва ҳатто чиниҳо ҳам метавонем тарҳи бозтарроҳии реактори Арокро идома диҳем, афзуд: Авоили соли 1400 шамсӣ озмоиши сарди реактор (бозтароҳишуда) -ро хоҳем дошт ки муқаддимае барои роҳандозии комили реактори он дар як соли баъд аз он аст.
Сухангӯи Созмони энержии атомии Эрон гуфт: Дар ҳавзаи радиодору бо вуҷуди таҳримҳо бидуни ин ки мушкиле пеш ояд, тавонистем ниёзҳои кишварро таъмин кунем ва илова бар он содиркунандаи радиодору дар ин шароит ҳам ҳастем.