Рӯҳонӣ барои Имрон Хон саломатӣ орзӯ кард
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i64050-Рӯҳонӣ_барои_Имрон_Хон_саломатӣ_орзӯ_кард
Дар паи мубтало шудани Имрон Хон-нахуствазири Покистон ба Ковид 19, раиси ҷумҳӯри Эрон дар паёме барои вай орзӯи саломатӣ кард .
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 23, 2021 15:27 Asia/Dushanbe
  • Ҳасани Рӯҳонӣ дар паёме ба Имрон Хон, ки корона гирифтааст барои у орзӯи беҳбӯдӣ кард
    Ҳасани Рӯҳонӣ дар паёме ба Имрон Хон, ки корона гирифтааст барои у орзӯи беҳбӯдӣ кард

Дар паи мубтало шудани Имрон Хон-нахуствазири Покистон ба Ковид 19, раиси ҷумҳӯри Эрон дар паёме барои вай орзӯи саломатӣ кард .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА,Ҳасани Рӯҳонӣ дар ин паём зимни табрики Наврӯз ба давлату мардуми Покистон бо ишора ба вазъияти сахту печидаи ҳамагирии корона ва мушкилоти бархоста аз он барои мардуми ҷаҳон, ибрози умедворӣ кард ин бало ҳарчӣ зӯдтар аз ҷомеъаи башарӣ барчида шавад .

   Доктор Рӯҳонӣ ҳамчунин барои ҳар гуна кумаку ҳамкории Эрон бо кишвари дӯсту мусулмони Покистон дар заминаи муқобила бо вируси корона ва бемории Ковид 19 эъломи омодагӣ кард .

   Рӯзи шанбе 20 март вазорати беҳдошти Покистон хабари мубтало шудани Имрон Хон ба Ковид 19-ро таъйид кард . Ин дар ҳоле аст, ки нахуствазири Покистони рӯзи 18 март ваксинаи корона тазриқ карда буд .

 

  Бештар бихонед :